САРСУХАН

Дар соли 1980 Сарпудратчии сохтмони НБО-и Роғун Раёсати сохтмони «РоғунГЭСстрой» дар ҳайати трести «Тоҷикгидроэнергострой» барои омода намудани базаи сохтмонӣ, сохтани шаҳр, роҳҳои нақлиётӣ ва сохтану ба истифода додани НБО таъин гардида, давоми солҳои 1976-1992 корҳои зиёди сохтмониро иҷро кардааст. Роҳҳои нақлиётӣ, нақбҳо, чор адад пул аз болои дарёи Вахш бунёд гардиданд. Пойгоҳи сохтмонӣ дар заминаи заводҳои бетон, хоҷагии сангмайдакунӣ (ДСХ), пойгоҳҳои Гидроспетсстрой, Гидромонтаж, ҚКМ, ҚМВ, ҚНА, ҚХБ ва дигарҳо бо ҳамаи инфрасохторҳояшон сохта шуданд. Шаҳри  Роғун  бунёд ва  210 ҳазор метри  мурабаъ хонаҳои истиқоматӣ ба  истифода дода шуд.

Моҳи майи соли 2014 дар асоси қарори Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» дар ҳайати ҶСК «НБО Роғун» Раёсати сохтмони асосии ҶСК «НБО Роғун» ташкил ёфта, ҳайати кормандон, мошину механизмҳо ва воситаҳои асосии ҶСНК «РоғунГЭСстрой» ба ин раёсат гузаронида шуд.

ҶСФ «Сохтмони асосӣ»-и ҶСК НБО «Роғун» аз моҳи декабри соли 2015 дар заминаи РСА ҶСК НБО «Роғун» таъсис дода шуд.

Тиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №152 аз 30 марти соли 2022 дар заминаи ҶСФ «Сохтмони асосӣ»-и   ҶСК НБО «Роғун» ҶСК «Сохтмони асосӣ» таъсис ёфта, аз 01 апрели соли 2023  аз ҳайати ҶСК НБО «Роғун» бароварда шуд.

Ҷамъият дар НБО «Роғун» корҳои зеринро ба ӯҳда дорад:

– иҷрои корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоотҳои НБО «Роғун»;

– таъмини сохтмон бо мошин ва механизимҳои сохтмонӣ;

-таъмини сохтмон бо оби техникӣ, қувваи барқ, маҳлулҳои бетонӣ, қуму шағал    ва дигар хизматрасониҳо.

Ҷамъият фаъолияти худро мувофиқи оиннома ба роҳ монда, ба ҳисоби пурраи хоҷагидорӣ ва худмаблағгузорӣ амалӣ месозад.  Нақшаи корӣ ва дурнамои нақшаҳои истеҳсолӣ бо ҶСК НБО «Роғун» мувофиқа карда мешавад.

ҶСК «Сохтмони асосӣ» инчунин дар ободию дигаргунсозии симои шаҳри Роғун ҳиссаи худро мегузорад. Ҷамъият барои сари вақт таъмин намудани иншооти бузурги аср бо оби техникӣ ва нӯшокӣ ҳиссагузор мебошад.

Коллективи Ҷамъият кӯшиш ва ғайрати худро афзун намуда, саҳми худро барои сари вақт ба истифода додани агрегатҳои аввали Неругоҳ мегузоранд.

         Сохтори хоҷагидории ҶСК «Сохтмони асосӣ» аз шуъбаву қитъаҳои зерин иборат аст:

Мақомоти роҳбарӣ;

–   Дастгоҳи идоракунӣ;

–   Котиби корпоративӣ;

–    Шуъбаи аудити дохилӣ;

–    Шуъбаи умумӣ;

  • Шуъбаи кадрҳо;
  • Шуъбаи истеҳсолӣ;
  • Шуъбаи банақшагирӣ ва иқтисодиёт;
  • Муҳосибот;
  • Шуъбаи сармеханик;
  • Бахши ҳуқуқ ва қарордодҳо;
  • Шуъбаи лоиҳавӣ-техникӣ;
  • Шуъбаи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ;
  • Шуъбаи маркшейдерӣ;
  • Шуъбаи харид ва таъминот;
  • Хоҷагии манзили-коммуналӣ;
  • Бунгоҳи тиббӣ;
  • Озмоишгоҳи Ҷамъият;
  • Қитъаи иншоотҳои асосӣ ва корҳои зеризаминӣ; (ҚИА ва КЗ)
  • Зерқитъаи корҳои таркишӣ;
  • Қитъаи корҳои механиконидашуда ва нақлиёти автомобилӣ (ҚКМ ва НА):
  • Қитъаи истифодабарии роҳҳо;
  • Қитъаи хоҷагии барқ;
  • Қитъаи истеҳсолоти саноатӣ
  • Хоҷагии сангу шағали №2;
  • Заводи истеҳсоли бетон №1;

Аз тарафи Ҷамъият дар соли 2023 бо корхонаҳои зерин тибқи шартнома, корҳои сохтмону-васлгарӣ ва хизматрасониҳо иҷро кардашуда аст.

  1. ҶСК “НБО Роғун”.,

-Корҳои сохтмону-васлгарӣ.,

-Хизматрасонӣ интиқоли кормандон.

-Хизматрасонӣ интиқоли оҳанфулузот аз ш. Душанбе ба ш. Роғун.,

-Хизматрасонӣ интиқоли сӯзишворӣ аз ш. Душанбе ба ш. Роғун.,

-Таъмиру нигоҳдории   роҳҳои дохили Нерӯгоҳ.,

-Обкашии обҳои таровишии дохили нақбҳо (Водоотлив),

-Хизматрасонии таъмини ҳавои тоза дар нақбҳои Нерӯгоҳ.,

-Хизматрасонии таъмини бефосилаи қувваи барқ ва оби техникӣ   дар ҳудуди Нерӯгоҳ.,

  1. Ширкати “Вибилд”.,

-Хизматрасонии таъмини бефосилаи қувваи барқ ва оби техникӣ   дар ҳудуди Нерӯгоҳ.,

  1. ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”.,

-Хизматрасонии таъмини бефосилаи қувваи барқ ва оби техникӣ   дар ҳудуди Нерӯгоҳ.,

-Хизматрасонӣ интиқоли кормандон.

  1. ҶСП “ЭМЗ”ш. Норак.,

-Хизматрасонии таъмини бефосилаи қувваи барқ ва оби техникӣ   дар ҳудуди Нерӯгоҳ.,

-Обкашии обҳои таровишии дохили нақбҳо (Водоотлив),

-Хизматрасонии таъмини ҳавои тоза дар нақбҳои Нерӯгоҳ.,

  1. ФҶСШП “Туннел Садди Ориёно”.,

-Хизматрасонии таъмини бефосилаи қувваи барқ ва оби техникӣ   дар ҳудуди Нерӯгоҳ.,

-Хизматрасонӣ интиқоли кормандон.

  1. ҶДММ “Ёқубҷон-2016″.,

-Хизматрасонии таъмини мошину-механизм.,

  1. ҶДММ “Бунёди иншоот”.,

-Хизматрасонии таъмини мошину-механизм.,

  1. Филиали ҶДММ “Филиал Хунан Роуд Энд Бридж Констракши Груп Компани Лимитед в Таджикистан.,

-Хизматрасонии тоза намудани барф дар фасли сармо дар роҳи автомобилгард аз километри 91-и шоҳроҳи Душанбе- сарҳади  Қирғизистон  то  шаҳри Роғун.